Республиканский центр по профилактике и борьбе со СПИД Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан

picma.ru | 1joomla.ru
PDF Печать

 

Қ О Н У Н И 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  

«Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

 

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои муқовиматро ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният танзим намуда, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои асосии инсонро дар бар мегирад ва барои пешгирии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам, кам кардани сустии одамон ба мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахасуссии тиббӣ ба одамони гирифтори вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва осон гардонидани оқибатҳои он дар дараҷаи инфиродӣ ва иҷтимоӣ нигаронда шудааст.

 

 

 

 

Бобби I

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосии зерин дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

Вируси норасоии масунияти одам;

Сирояти вируси норасоии масунияти одам– бемории давомнокест, ки вируси норасоии масунияти одам ба вуҷуд овардааст;

Шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони ҳомили вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният);

Бемории пайдошудаи норасоии масуният – давраи охирини сирояти вируси норасоии масунияти одам;

Бемории пайдошудаи норасоии масуният – шахсони дорои зуҳуроти клиники беморӣ, ки ба он зарари аниқи расонидани вируси норасоии масунияти бадан ба низоми масунияти бадан хос аст;

Доруҳои зидди ретровирусӣ – доруҳои тиббие мебошанд, ки тавасути таъсири онҳо ба вируси норасоии масунияти одам дар организми шахси сироятшуда миқдори вирусҳо кам шуда, ҳаёти шахси сироятшудаи ба вируси норасоии масунияти одам дароз  мегардад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

 

Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Татбиқи Қонуни мазкур

 

Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони  хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд паҳн мегардад.

Қонуни мазкур нисбат ба муассисаю ташкилот ва корхонаҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 4. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо

вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар асоси қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи ҳамин қонун қабул карда мешаванд, дар амал татбиқ карда мешавад.

Давлат кафолат медиҳад:

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳоро нисбат ба одамони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю беморони бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо;

- амалисозии назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис ва риояи усулҳои махфӣ анҷом додани он;

- расонидани кўмаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассуси тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ барои шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;

- дастрас ва бехатар будани азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, аз ҷумла азназаргузаронии пинҳонӣ;

- дастрас ва саривақтӣ будани кўмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ;

- таъмини воситаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти вируси норасоии масунияти одам, инчунин назорат ба бехатарии маводҳои тиббӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳое, ки бо мақсадҳои ташхис, муолиҷа ва илмӣ истифода бурда мешаванд;

- инкишоф додани тадқиқоти илмӣ оид ба проблемаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;

- мунтазам ба аҳолӣ додани иттилоот оиди пешгирии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

- қабули даврии барномаи давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;

- инкишоф додани ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи доимии ахборот дар доираи барномаҳои байналмилалии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

Чораҳои муқовиматро бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии масунияти одам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад. Дар татбиқи чораҳо оид ба муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии масуният корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар татбиқи барномаҳои мазкур кафолат медиҳад.

 

Моддаи 5. Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

 

Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимати комплексӣ бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният хусусияти афзалиятнок дорад.

Маблағгузории чорабиниҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният аз ҳисоби манбаъҳои зерин сурат мегирад:

- маблағи буҷети давлатӣ;

- маблағи фондҳои мақсаднок;

- маблағе, ки барои суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ва ҳатмӣ равона карда мешавад;

- саҳмияҳои ихтиёрӣ ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Маблағгузории чорабиниҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷалби воситаҳои молиявӣ ба Фонди миллии бемории пайдошудаи норасоии масуният (минбаъд - Фонд), ки фаъолияти он тибқи Низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ба танзим дароварда мешавад, амалӣ мегардад.

 

Бобби II

Пешгирӣ, ташхис ва муоинаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

 

Моддаи 6. Ҳуқуқ ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

 

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд кафолати ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

- барои мунтазам гирифтани ахбороти пурра ва босифат дар бораи усулҳои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва тарзҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;

- муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулҳои махфӣ, пинҳонӣ ва ихтиерии ташхис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои азназаргузаронӣ бо мақсади ошкор сохтани мубталошавӣ бо вируси норасоии масунияти одам ва азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ ва пинҳонӣ дар муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликият;

- барои гирифтани ахборот дар бораи натиҷаҳои азназаргузаронӣ ва тавсияҳо оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам;

- барои дар асоси доимӣ гирифтани ахборот дар бораи пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният,  барномаҳо ва хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин табобат, кўмак ва дастгирии шахсоне, ки мубталои  вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд.

- баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, аз ҷумла вохўриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва таъсиси маҳфилҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни аҳолӣ.

Ба гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ иттилооти махсус ва хизматрасониҳое, ки ба тағйиребии рафтори таваккалӣ равона шудаанд, дода мешавад. Ин ҳуқуқ бо кўмаки тиббӣ, бунёди шабакаи кофии муассисаҳо барои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва муолиҷаи беморон таъмин карда мешавад.

Чораҳоро оид ба мубориза ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти он дар маҳалҳо, инчунин дигар  мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо амалӣ мегардонанд.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва дигар бемориҳое, ки ба воситаи хун мегузаранд, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи пешноҳод кардани иттилоот ва баргузор намудани корҳои маърифатиро дар муассисаҳои низомӣ иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва тадбиқ менамоянд.

 

Моддаи 61. Афзалиятнокии пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

 

Пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

ӣн амал ба усулҳои башардустӣ ва риояи ҳуқуқи инсон асос ёфта, мутобиқи тартиби муррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тавсияҳои мақомоти махсусгардонидашудаи СозмониМилали Муттаҳид татбиқ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилот ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, гурўҳҳои ташаббускор ва шаҳрвандони алоҳида субъектҳои пешгирикунандаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ба ҳисоб меравад.

 

 

Моддаи 7. Азназаргузаронии тиббӣ

 

Азназаргузаронии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ё хусусии нигаҳдории тандурустӣ, ки ба онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода шудааст, гузаронда мешавад. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд махфӣ сурат гирад.

Азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ ва пинҳонӣ ба истиснои ҳолатҳое, ки моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст гузаронда мешаванд.

Шахсе, ки аз азназаргузаронии тиббӣ мегузарад, ҳуқуқ дорад дар ин маврид намояндаи қонунии ў иштирок намояд.

Азназаргузаронии тиббии ноболиғон ва шахсоне, ки ба тартиби муқарраркардаи қонун корношоям эътироф шудаанд, мумкин аст бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо гузаронда шавад ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми гузарондани азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд.

Натиҷаҳои азназаргузаронӣ ба шахси аз азназаргузаронӣ гузашта ё намояндаи қонунии ў бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Шахсе, ки аз азназаргузаронии тиббӣ гузаштааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамин муассиса, инчунин дар муассисаи дигари системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ новобаста аз мўҳлати гузаштаи азназаргузаронӣ аз азназаргузаронии такрории тиббӣ гузарад.

Тартиби азназаргузаронии тиббӣ ба мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти бадан, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва муоинаи пешгирӣ ба онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ба шахсе, ки сирояти вируси норасоии масунияти одам дар вай ошкор шудааст, дар бораи кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулият, ки ба зиндагӣ бо сирояти вируси норасоии масунияти одам алоқаманд аст, инчунин дар бораи умури дастгирии иҷтимоию равоншиносӣ ва гурўҳҳои кўмаки якдигарии ба шахсони сирояткардаи вируси норасоии масунияти одам ахбороти пурра дода мешавад.

 

Моддаи 8. Азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ

 

Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд, азназаргузаронии тиббӣ ба тариқи ихтиёрӣ, пинҳонӣ, аз ҷумла номаълум дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ бо хоҳиш ё розигии ҳамин шахсон гузаронда мешавад.

 

Моддаи 9. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ

 

Донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан аз азназаргузаронии хатмии тиббӣ гузаронда мешаванд.

Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, донори хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан буда наметавонанд.

Шахсони алоҳида аз рўи нишондодҳои эпидемиологӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, аз азназаргузаронии ҳатмии пинҳонӣ барои сироятӣ вируси норасоии масунияти одам гузаронда мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати зиёда аз се моҳ барои кор, таҳсил, иқомати доими ё дигар мақсадҳо меоянд, дар муддати даҳ рузи баъди омаданашон ба истиснои шахсоне, ки бо шаҳодатномаи муоинаи бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният омадаанд, аз азназаргузаронии тибби гузаранд.

Шахсоне, ки дархости дар хусуси гуреза дониста шудани онҳо ба қайд гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарракардаи мақомоти тандурустӣ аз азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд гузаранд.

Кормандони дипломатии намояндагиҳои хориҷии дипламатӣ ва муассисаҳои консулӣ, инчунин шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиёзҳо ва масунияти дипломатӣ  истифода мебаранд, мумкин аст барои ошкор сохтани вируси норасоии масунияти бадан фақат бо розигии онҳо пинҳонӣ аз азназаргузаронӣ гузаронида шаванд.

Қисми ҳафтум хориҷ шуд.

 

Моддаи 10. Муоинаи тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам

 

Муоинаи тиббӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд ва сирояти мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд (дорандагони вирус ва беморон), танҳо бо мақсадҳои эпидемиологӣ ва дар ассоси пинҳонӣ дар муассисаҳои дахлдори давлатии системаи нигаҳдории тандурустӣ бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.

Маълумоти бадастовардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дигар сохторҳои марбута додан, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қарори суд ва ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ бо мақсадҳои таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон истифода бурдан мумкин нест.

 

Моддаи 11. Риояи сирри духтурӣ

 

Маълумот дар бораи сирояти вируси норасоии масунияти бадан ё бемории пайдошудаи норасоии масуният шудани ин ё он шахс сирри хизматиро ташкил медиҳад ва онро Қонун ҳифз мекунад.

 

Бобби III

Ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам, беморони бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаҳои онҳо

 

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои шахсони сирояткардаи вируси норасоии масунияти одам ва беморони бемории пайдошудаи норасоии масуният

 

Шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти бадан ва беморони бемории пайдошудаи норасоии масуният дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- муносибати инсондўстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;

- талаб кардани махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти ҳаёту меҳнати онҳо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти баданро ба дигарон ба вуҷуд наоварад. Додани иттилоот оид ба вазъи саломатии шахсони гирифтори чунин бемориҳо бе розигии онҳо танҳо бо қарори суд ё дархости мақомоти тафтишотӣ имкон дорад.

- ҷуброни зараре, ки бинобар фош кардани ахборот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти бадан расонда шудааст;

- фаъолияти касбӣ аз рўи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рўи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рўйхати махсус муқаррар шудаанд;

- ҳамаи намудҳои кумаки ройгони тахасуссӣ ва махсусгардонидашудаи тиббӣ, инчунин таъмини доруворӣ.

- ба ҳимоя аз табъиз (дискриминатсия), аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат;

- ба иштироки фаъолона дар муайян карданимақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он.

Истифодаи шахсони сирояткардаи ВИЧ ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омўзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.

Дар муассисаҳои муолиҷавӣ ба рад кардани қабул ва расонидани кўмаки таъҷилӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният роҳ дода намешавад.

 

 

 

 

Моддаи 13. Маъни маҳдудкунии ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам

 

Аз кор озод кардан, рад кардани қабул ба кор ва қабул ба муассисаҳои таҳсилотӣ ва муассисаҳои тиббие, ки хизмат мерасонанд, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони сирояткардаи вируси норасоии масунияти одам бо назардошти дар онҳо мавҷуд будани сирояти вируси норасоии масунияти одам, ҳамчунин маҳдуд кардани ҳуқуқҳои манзилӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаҳои шахсони сирояткардаи вируси норасоии масунияти одам роҳ дода намешавад.

Истифодаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омўзиш илмӣ ё раванди таълим манъ аст.

Табъиз (дискриминатсия) дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

Дар асоси сирояти воқеи ва ё эҳтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани ҳама гунна ҳаракати оммавӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва паҳн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурўҳи аҳолӣ амали ғайриқонунист.

Ҳама гунна маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои одамоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, ҳуқуқ ва озодии дигарон раво дониста мешаванд.

 

Моддаи 141. Кўмаки тиббӣ ва чораҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷроӣ ҷазои ҷиноятӣ

Шахсе, ки зимни ташхиси ўсирояти вируси норасоии масунияти одам мусбат майян шудааст, ҳангоми дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ё ҳабси пешакӣ қарор доштан ҳуқуқи гирифтани кўмаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар амоти мададрасонро дорад.

Маҳбусон ва боздоштшудагон ба ташхиси ройгони махфӣ сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигии огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъисаломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣдар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешавад, ки он танҳо барои кормандони тиб дастрас буда, фат бо розигии худи маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони зиндонҳо бояд ошкор шавад.

Табъизи (дискриминатсияи) маҳбусон дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

 

 

Моддаи 14.   Кўмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ ба шахсони

                          мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

 

 

 

Кўмаки тиббӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ, ки иҷозатномаи(литсензияи) дахлдор доранд, расонида мешаванд.

Ҳамаи намудҳо кўмаки тиббӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар асосҳои умумӣ, аз рўи нишондиодҳои клиникӣ расонда мешавад.

Ҳамаи намудҳои кўмаки тахасуссӣ ва махсусгардонидашуда, аз ҷумла кўмак бо доруворӣ, ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ ройгон расонда мешавад.

Бо шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният кўмаки иҷтимоию равоншиносӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии нигаҳдории тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ки иҷозатномаи (литсензияи) дахлдор доранд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи мубталои вируси норасоии масунияти одам кор мекунанд, расонда мешавад.

 

Моддаи 15. Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии        масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои

                     оилаҳои онҳо

 

Мақомоти идораи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи тандурустӣ, маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳоро оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаҳои онҳо, аз ҷумла таъин кардан ва пардохтани нафақаю кўмакпулиҳо, расондани кўмаки иҷтимоию маишӣ, расондани кўмак барои гирифтани таҳсилот, аз нав тайёркунӣ ва ба кор таъминкунӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.

Мақомоти идораи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барномаҳои дастгирии иҷтимоии кўдаконеро, ки дар натиҷаи сирояти вируси норасоии масунияти одам ятим ё бепарастории волидон мондаанд, таҳия ва татбиқ мекунанд.

Ба шахсоне, ки сирояти онҳо дар натиҷаи амалиётҳои тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда сурат гирифтааст, таъминоти нафақавӣ ва ҳуқуқ барои дар навбати аввал гирифтани манзил дар сурати набудани он ё зарурати беҳсозии шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад.

Барои кўдакони то 16-сола, ки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ё бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, дар ҳаҷми ду маоши ҳадди ақали ҳармоҳа кўмакпулии давлатӣ таъин карда мешавад.

Тартиби додани кўмакпулиҳо ва манбаи пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати тандурустӣ таълими кўдакон ва наврасонеро, ки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ё бемории пайдошудаи норасоии масуният буда, дар муассисаҳои  тандурустӣ ё шароити хона қарор доранд, аз рўи барномаҳои махсуси мактаби таҳсилоти умумӣ таълимдиҳиро ташкил менамоянд.

 

Моддаи 16. Ҳуқуқи волидоне, ки кўдакони онҳо гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд

 

Волидони кўдаконе, ки сирояткардаи вируси норасоии масунияти бадан ё бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- дар беморхонаҳо ҳамроҳи кўдакон (то 14-сола) бошанд ва дар ин давра аз кор озод карда шуда, ба онҳо барои корношоямии муваққатӣ кўмакпулӣ дода мешавад;

- дар ҳолати аз кор озод кардан бинобар нигоҳубини кўдаки то 16-сола ба яке аз волидон бетанаффусии собиқаи меҳнатӣ барои пардохти кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ нигоҳ дошта шавад, ба шарте, ки то ба синни зикрёфта расидани кўдак ба кор дохил шавад;

- рафту омади ройгони яке аз волидон ё дигар намояндаи қонунии кўдаки то 18-сола ҳангоми ба ҷои табобат бурда овардани ў.

Модароне, ки кўдаки то 16-солаи аз вируси норасоии масунияти бадан зарардида доранд ё бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошад, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кўдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад.

 

Моддаи 17. Ҷуброни зараре, ки ба саломатии шахсони аз вируси

                       норасоии масунияти бадан зарардида расонда шудааст.

 

Ҷуброни зараре, ки ба шахсони аз вируси норасоии масунияти бадан зарардида дар натиҷаи нодуруст иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳои хизматрасонии тиббӣ расонда шудааст, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Бобби IV

Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд

 

Моддаи 18. Ба бемории касбӣ мансуб донистани бемории пайдошудаи   норасоии масуният

Дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тиббӣ, фармасевтӣ ва дигар кормандони ҳангоми дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба гурўҳи бемориҳои касбӣ мансуб дониста шаванд.

 

 

Моддаи 19. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии

                      сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд.

 

Кормандоне, ки бо расондани кўмаки тиббӣ ба аҳолӣ, гузарондани тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ вобаста ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

 

ва истеҳсоли дорувории вирусӣ машғуланд, инчунин донорҳо, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки баҳри расондани кўмак ба шахсони сирояткардаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҷалб шудаанд, барои ҳолатҳои сирояти вируси норасоии масунияти одам ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, инчунин бинобар ҳамин маъюбшавӣ ва фавтидан аз бемории пайдошудаи норасоии масуният  суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.

Тартиби суғуртаи ҳатмии ин гурўҳи кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои сирояти вируси норасоии масунияти одам таҳқиқоти ташхисӣ мегузаронанд, бо шахсони сирояткардаи ВИЧ ва бемории бемории пайдошудаи норасоии масуният  кўмаки тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони сирояткарда сарукор доранд, ўҳдадоранд ин кормандонро бо воситаҳои зарурии муҳофизат ва муоинаи мунтазами онҳоро бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам таъмин намоянд.

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи кормандони тиббие, ки гирифтори сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният  мебошанд.

 

Кормандони тиббие, ки дар натиҷаи бо тартиби маъмулӣ иҷро намудани вазифаи хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти бадан сироят кардааст ё бемории пайдошудаи норасоии масуният  шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- дар навбати аввал беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ;

- нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок, дар мавриди фавтидани онҳо аз бемории пайдошудаи норасоии масуният  пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 ҳаққи музди кор ба аъзои корношоями оила ва кўдакони онҳо то расидан ба синни балоғат;

- рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рўзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти ба онҳо мувофиқ;

- табобати ҳарсола дар муассисаҳои муолиҷавию истироҳатӣ новобаста аз тобеияти идоравии онҳо;

- ҷуброни зарар, ки  ҳаҷм ва тартиби онро қонунгузорӣ муқаррар мекунад.

Дар сурати сироят кардани вируси норасоии масунияти одам ҳангоми ба қадри лозимӣ иҷро накардани вазифаи хизматӣ, дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ бо гуноҳи корманд, ҳуқуқи ўро барои ҷуброни зарар қонунгузорӣ муайян менамояд.

 

 

 

Моддаи 21. Имтиёзҳо дар соҳаи меҳнат

 

Кормандоне, ки бо расондани кўмаки тиббӣ, иҷтимоӣ ва дигар кўмак ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ё бемории пайдошудаи норасоии масуният, ташхиси озмоишгоҳии сирояти вируси норасоии масунияти одам, гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сирояткарда, истехсоли маводи биологӣ барои ташхис, инчунин муолиҷа ва пешгирии бемории пайдошудаи норасоии масуният  машгуланд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

 

- баромадан ба нафақа мутобики руйхати №1 истеҳсолот, корҳо, ихтисосҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, кор дар шароити махсусан вазнин, ки машғул будан бо онҳо ба нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад;

-иловапулӣ ба музди кор дар ҳаҷми 100-фоизи он;

-рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 48 рўзи корӣ;

-рўзи кори кўтоҳ(рўзи кори 6 соата).

 

Бобби V

Қоидаҳои хотимавӣ

 

Моддаи 22. Ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии самаранокии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

   Ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои фаъолият, тайёр кардани нақшаҳои молиявӣ, амалӣ гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар ҳамаи зинаҳо аз ҷониби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва қонунгузорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеъаи шахсони сирояткардаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва дигар муассиса, ташкилоту корхона, ки дар фаъолияти муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар зинаҳои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анҷом дода мешавад.

Мониторинги татбиқи нақшаю барномаҳо, арзёбии самаранокии фаъолият оид ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар дараҷаи миллӣ ва минтақавӣ, дар асоси доимӣ аз ҷониби гўруҳҳои корӣ ва муассисаҳои дараҷаи дахлдор, ки комиссияи байнисоҳавии дахлдор ваколатдор намудааст, амалӣ гардонда мешавад.

Ахборот дар бораи натиҷаҳои мониторинг, паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният татбиқи нақшаҳо ва барномаҳо, инчунин арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муқобилат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, аз ҷумла дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ сари вақт дар воситаҳои ахбори омма пурра чоп карда мешавад.

 

Моддаи 23. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.

 

Ҳамаи муассисаҳои маориф ба нақшаҳои таълимӣ ва фаъолияти таълимию тарбиявӣ, масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро ворид намуда, ба хонандагон дар бораи роҳҳои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ахбороти пурра, босифат ва дастрас медиҳанд.

Муассисаҳои давлатии маориф ва хифзи иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои тандурустӣ ва воҳидҳои мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаҳои пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам -ро барои кўдакон ва наврасони бепарастор таҳия ва татбиқ мекунанд.

Муассисаҳои давлатии тандуристӣ якҷоя бо муассисаҳое, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор назорат мекунанд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаҳои пешгирии сирояти ВИЧ-ро барои истеъмолгарони инъексионии моддаҳои нашъадор ва дигар гурўҳҳои ноустувор таҳия намуда, амалӣ мегардонанд.

 

Моддаи 24.Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур.

 

Вайрон кардани қонуни мазкур боиси бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ва гражданӣ-ҳуқуқӣ кашидан мегардад.

 

Моддаи 25. Масъулияти шахсони сирояткардаи ВИЧ.

 

Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кунондани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти бадан аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор буданашро медонад, боиси ҷавобгарии ҷиноятии муқараркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Шахси гунаҳгор инчунин зарареро ки бинобар расонидани кўмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шахси сироятшуда расондааст, бо тартиби муқараркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

 

Моддаи 26. Масъулияти кормандони тиббӣ.

 

Кормандони муассисаҳои тандурустӣ, ки ба вазифаи касбии худ муносибати бепарвоёна мекунанд ва ин боиси ба шахси дигар (ё як-чанд шахс) сироят кардани вируси норасоии масунияти одам гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷиикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

            Моддаи 27. Ҳамкории байналмиллалӣ.

 

   Ҳамкории байналмиллалӣ дар муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, дар доираи барномаҳои дахлдори байналмиллалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи мубодилаи донишҳо ва таҷрибаи андўхта оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон вобаста ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин ба вуҷуд овардани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон зимни вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар сатҳи миллӣ ва байналмилаллӣ амалӣ гардонида мешавад.

 

            Моддаи 28. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии бемории пайдошудаи норасоии масуният (аломати норасоии масунияти бадан)»

            Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи пешгирии бемории пайдошудаи норасоии масуният (аломати норасоии масунияти бадан)» (Ведомости Советии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №2, моддаи 34; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №3, моддаи 48, соли 1997, №23-24 моддаи 333) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

            Моддаи 29. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

                ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

 

Праздники Таджикистана

Адрес: г.Душанбе, ул.Дехоти №48, Индекс: 734018, Диагностическиий Центр (левое крыло, 2этаж)
E-mail: aidscenter.tj@gmail.com Тел/факс: +(992 37) 234-34-42 Телефон доверия: +(992 37) 234-22-24