Печать
27.05.2011 13:08

Пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак

 Тоҷикистон, Душанбе, 27 майи соли 2011. МҶ СПИДи ВТ ҶТ - дар доираи амалисозии Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 таҳти №562 тасдиқ шудааст ва баҳри амалигардонии Протоколи амалияи клиникӣ оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак, ки бо фармони Вазорати тандурустӣ №269 аз 24.05.2008 тасдиқ гардидааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2011 ҳамаи занони ҳомила ба ташхиси дукаратаи ВНМО фаро гирифта мешаванд.

Барои ташкили ташхиси дукаратаи занони ҳомила бо ВНМО фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон №280 аз 23 майи соли 2011 «Оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак» имзо карда шудааст.

Мутобиқи фармоиши мазкур ба директорони Маркази миллии солимии репродуктивӣ, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрӣ, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД, сардорони Раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ш.Душанбе, мудирони шӯъба ва бахшҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шудаст, ки иҷроиши фармоиши мазкурро таъмин намоянд.

 

Ссылка на pdf